Амрико аз бастаи нави ёриҳои низомӣ ба Украина хабар дод

ИМА барои кумаки низомӣ ба Украина 300 миллион доллари дигар ҷудо мекунад. Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ ҳамоҳангсози робитаҳои стратегӣ дар Шӯрои амнияти миллии ИМА Ҷон Кирбӣ иттилоъ дод.

Дар бастаи нав маҷмаи мушакии Stinger, низоми зиддимушакии Avenger, низоми зиддитонкии AT-4, бештар аз 30 миллион тир ва дигар аслиҳаву муҳимот шомил мешавад.

"ИМА ҳамкориро бо ҳампаймононаш барои таъмини ниёзҳои низомии Украина идома медиҳад," -- омадааст дар хабари Вазорати мудофиаи Амрико.

Пештар аз ин, рӯзи 21-уми май Иёлоти Муттаҳида ба Украина ба 375 миллион доллар ёрии низомӣ расонида буд.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, дар умум кумакҳои ИМА ба Украина ба 37 миллиард доллар расидааст.