Додгоҳе дар Украина Шингис Сейпиеви 23-соларо ба гуноҳи зархаридӣ 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Сейпиев моҳи октябри соли 2022 ба сафи ширкати низомии хусусии "Вагнер"-и Русия барои ҷанг дар Украина ҷалб шудааст. "Вагнер" ба Сейпиев моҳона 200 ҳазор рубли русӣ ваъда кардааст.
Рӯзи 24-уми декабри соли 2022 Сейпиев ба наздикии Бахмути Украина расида, рӯзи 30-юми декабр ба асорат афтод.
Мақомоти амниятии Украина мегӯянд, Сейпиевро аз зиндони Тюмени Русия ба сафи "Вагнер" ҷалб кардаанд. Вай бо гуноҳи таҷовуз 10 сол зиндонӣ шуда буд.
Моҳи майи соли ҷорӣ роҳбари "Вагнер" хабар дод, ки дар ҷанги Русия зидди Украина 20 ҳазор узви "Вагнер" кушта шудааст, ки нисфи онҳоро аз зиндон ба майдони ҷанг оварда буданд.