Марказҳои раъйдиҳӣ дар Туркия баста шуд

Шумурдани орои даври дувуми интихоботи президентӣ дар Туркия идома дорад.

Бо шумориши тақрибан 20 миллион рой, расонаҳои туркӣ гузориш доданд, ки раиси ҷумҳури ҳозира Раҷаб Таййиб Эрдуғон нисбат ба рақибаш, номзади мухолифон, Камол Қиличдороғлу пешгомтар аст.

Интизор меравад, натиҷаҳои ибтидоиро шоми 28-уми май эълон кунанд.

Марказҳои ройдиҳӣ аз соати ҳашт субҳ то панҷи бегоҳӣ ба вақти Туркия боз буданд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу дар даври аввал натавониста буданд, ройи кофиро ба даст биоваранд.

Дар даври дувуми интихобот беш аз 64 миллион нафар ҳаққи овоздиҳӣ доштанд.