Русия танқиди раиси ҷумҳури Амрикоро дар бораи тарҳи Маскав барои ҷойгир кардани таслиҳоти ҳастаии тактикӣ дар Беларус бепоя донист.
Маскав рӯзи 27-уми май иддао кард, ки Вашингтон барои чанд даҳа чунин аслиҳаро дар Аврупо ҷо ба ҷо намудааст.
Русия рӯзи 25-уми май эълом кард, ки аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ истиқрори аввалин чунин аслиҳаро дар хориҷ аз марзҳои худ идома медиҳад.
Александр Лукашенко, раҳбари Беларус, гуфтааст, ин силоҳҳо аз пеш дар ҳоли ҷо ба ҷо шудан аст.
Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи ҷумъа гуфт, дар пайванд ба тарҳи истиқрори силоҳҳои ҳастаии тактикии Русия дар Беларус вокуниши “комилани манфӣ” дорад.
Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида ин тарҳи Русияро накӯҳиш кард.