Волии Донетск гуфт, ки дар паи даҳҳо ҳамлаҳои мушакии 24 соати гузашта дар ин минтақаи шарқии Украина ду нафар куштаву панҷ кас захмӣ шудааст. Павло Килиренко рӯзи 27 май дар Телеграм канали худ хабар дод, ки як нафар дар Часовоярск ва дигаре дар Васюкивка кушта шуданд. Ба иттилои ӯ, дар як шабонарӯзи гузашта шаҳри Вуҳледари воқеъ дар ҷануби Донетск 30 бор мавриди ҳамла ва ҳам ду дафъа ҳадафи оташи ҳавоӣ қарор гирифт.
Волии Донетски Украина: дар 24 соат 30 ҳамла сурат гирифт
26 май, Донетск, Украина. Мактаб ва хонаҳои сокинони мулкӣ дар паи ҳамлаҳои мушакии нирӯҳои Русия хароб шудаанд