Туркия дар остонаи овоздиҳии ҳалкунандаи президентӣ

25 май, Адана. Тарафдорони Камол Қилиҷдароғлу барои ӯ таблиғ мекунанд

Дар Туркия фардо, 28-уми май даври дуввум ва ҳалкунандаи интихоботи президентӣ барпо мешавад. Таблиғу муборизаҳои пуршиддати пешазинтихоботии миёни президенти амалкунанда Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва рақиби дунявиаш Камол Қиличдароғлу расман дирӯз ба анҷом расиданд. Чунин ба назар мерасад, ки Эрдуғони исломгаро то соли 2028 ҳам дар қуддрат боқӣ мемонад.

Дар сурати пирӯзии ӯ, ҳузури Туркия дар паймони низомии НАТО мисли гузаштаҳо монанд ба рафтори як тифли пурмушкил боқӣ мемонад, вақте ҳамзамон бо Маскаву Вашингтон дар ҳолати рақобату ҳамкорӣ буда, айни замон сиёсати худро дар Ховари Миёна пиёда мекунад. Дар даври аввали овоздиҳӣ 14 май Қиличдароғлу, ки бо ормонҳои рӯ ба Аврупояш маъруф аст, тавонист аз худ дар муқобили Эрдуғон рақобати ҷиддие ба намоиш гузорад.