Таътили як гуруҳ аз хонандагон дар Тоҷикистон оғоз шуд

Таътили гурӯҳе аз хонандагони мактабҳои миёна дар Тоҷикистон сар шуд.

Бо фармони вазири маориф хонандагони синфҳои якум соли таҳсилро рӯзи 25-уми май ба поён расонданд.

Муҳассилони синфҳои 2-11 то рӯзи якуми июн дарс мехонанд, аммо имтиҳон ва ҷамъбасти дарсҳо барои хонандагони синфҳои болоӣ то 20-уми июн идома мекунад.

Вазорати маориф имсол ҳам баргузории ҳама гуна ҷашни поёни соли таҳсилро дар мактабҳо (“Занги охир”) манъ кард.

Ин тасмим дар гузашта боис ба норозигии волидону хонандагон шуда буд.