Муассиси ширкати низомии "Вагнер" мегӯяд, Кремл мақсади ғайринизомӣ кардани Украинаро дошт, аммо бо натиҷаи баръакс рӯбарӯ шуд.
Евгений Пригожин рӯзи 24-уми май дар суҳбат бо мушовири сиёсӣ Константин Долгов гуфт, артиши Украина яке аз артишҳои қавитарин дар ҷаҳон гардидааст.
Вай дар бораи талафоти зиёд дар ҳайати ЧВК "Вагнер" хабар дод ва сиёсати Русияро дар қиболи Украина сахт танқид кард.
Муассиси ширкате, ки бо ҷалби зархаридон ба ҷанг машғул аст, гуфт, амалҳои артиши Русия интизориҳоро бароварда накард ва сиёсати Кремл мардуми Украинаро ба миллати "маъруф дар ҷаҳон" табдил дод.
"Малака, омодагии ҳарбӣ, ҳунари ҷосусии онҳо бисёр боло аст. Силоҳҳои мухталиф дар ихтиёр доранд ва, гузашта аз ин, бо ҳама системаҳо – Шӯравӣ ё сохтаи НАТО, бо ҳар чизе ҳаст, хуб кор мекунанд," – афзуд ӯ.
Пригожин гуфт, аз оғози ҳуҷуми Русия ба хоки Украина 20 ҳазор зархарид, ки нисфашон зиндониҳо буданд, кушта шуданд. Вай афзуд, дар умум аз дохили зиндонҳои саросари Русия ба ҷанги Украина 50 ҳазор нафарро ҷалб кард.
Маркази амрикоии таҳқиқоти стратегиву байнулмилалӣ гуфт, дар як соли ҷанг аз ҷониби Русия на камтар аз 60 ҳазор нафар, аз ҷумла зархаридон кушта шуданд.
Шӯрои амнияти Амрико талафоти "Вагнер"-ро 30 ҳазор нафар (куштаву захмӣ) ҳисоб кардааст.