Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рӯзи 24-уми май дар гузаргоҳи марзии "Қизилбел" мулоқот кардаанд.
Намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, нерӯҳои сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, идораи замину об ва раисони шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров дар вохӯрӣ будаанд, аммо ҷузъиёти суҳбатҳо дастрас нест.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд танҳо ҳаминро гуфтааст, ки "бори дигар ҳалли мушкилот ва муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид."
"То кунун тамоми масъалаҳои марбут ба сарҳад сари вақт аз тарафи гуруҳи корӣ ҳал гардида, оини неки ҳамсоядорӣ риоя карда мешавад," – афзудааст манбаъ.
Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст.
Аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ, ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст. Ду ҷониб ҳамеша ҳамдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар шабу рӯзе вохӯрдаанд, ки чанд ноҳияи вилояти Суғд ба камбуди ҷиддии об рӯбарӯ ҳастанд. Кишоварзон аз ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом мегӯянд, ба сабаби набудани об зироаташон нобуд мешавад. Оби зарурӣ барои ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом аз Қирғизистон сарчашма мегирад.