Дар шаҳри Марӣ (Марв)-и Туркманистон пулис рӯзи 22-юми май ду занро боздошт ва онҳоро ба пӯшидани "либоси барои занони туркман номуносиб" гунаҳкор кард.
Занонро ба идораи пулис бурда, пас аз чанд соат раҳо карданд.
Пулис аз онҳо хостааст, "аз рафтори номуносиб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ кунанд".
Ба нақли шоҳидон, кормандони пулис ҳангоми боздошти занон ба онҳо гуфтаанд, "ба либоси худ нигаред, нисфи бадани шумо ба намоиш гузошта шудааст".
Ин дар ҳолест, ки дар қонунгузории Туркманистон мафҳуми либосҳои "муносиб" ё "номуносиб" барои занони туркман вуҷуд надорад. Сарфи назар аз ин кормандони пулис ба либоспӯшии занон дахолат мекунанд.