Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба ҳомии ҳуқуқ Ғалим Ағелеев имкон надодааст, ки рӯзи 23-юми май аз Бишкек ба Тошканд парвоз кунад.
Сабабашро шарҳ надодаанд.
Ағалеев ба Радиои Озодӣ гуфт, мехост, ба Узбекистон сафар карда, дар бозбинии парвандаи даҳҳо фаъоли қарақалпоқӣ иштирок кунад.
Пас аз эътирозҳои бесобиқаи моҳи июли соли гузашта даҳҳо фаъоли ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд.
Эътироз баъд аз эълони барномаи барҳам задани мақоми мухторияти Қарақалпоқистон оғоз ёфт. Дар рафти таъқиби эътирозҳо камаш 21 нафар ба ҳалокат расид.