Грозний: Ба тазоҳуроти зидди сӯзондани Қуръон буҷавиҳоро бурдаанд

Грозний, 23-юми майи 2023

Донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатии Чеченистон дар шаҳри Грозний ба тазоҳурот алайҳи сӯзонидани китоби Қуръон дар Волгоград ҷалб шудаанд.

Дар ин бора тарҳи "Қафқоз.Воқеият" бо истинод ба чанд сокини шаҳри Грозний хабар дод.

Ин тазоҳурот рӯзи 23-юми май оғоз шуд. Раиси порлумони Чеченистон Муҳаммад Довудов (Магомед Даудов) дар суханронияш гуфт, иқдоми "таҳқири диндорон" дар Русия аз сӯи хадамоти махсуси кишварҳои ғарбӣ ва Украина "сармоягузорӣ мешавад", вале далелеро пешниҳод накард.

Тазоҳургарон дар даст акси раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон (Рамзан) Қодиров ва лавҳаҳоеро бо нигоштаи "Ба навиштаҳои муқаддас даст нарасонед!" ва "Дини ман - ҳаёти ман!" доштанд. Тибқи иттилои мақомот, дар ин тазоҳурот 60 ҳазор одам иштирок кардааст.

Корманди яке аз вазоратҳои Чеченистон изҳор дошт, ки ҳамкоронаш дар аввал намедонистанд, тазоҳурот ба чи сабаб баргузор мешавад.

Навори оташ задани Қуръон дар наздикии Масҷиди марказии ҷомеи Волгоград сабт шудааст. Ин навор аз 11 сония иборат аст. Расонаҳои Русия навори боздошти гумонбарро рӯзи 20-уми май нашр карданд. Гумонбар Никита Журавели 19-сола, зодаи Севастополи Қрим аст.

Мақомоти Русия мегӯянд, Журавел бо дастури Хадамоти амнияти Украина Қуръонро оташ задааст.

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия дастур додааст, ки таҳқиқи парванда ба бахши тафтишотии Чеченистон дода шавад.