Дар Вазорати умури хориҷии Қазоқистон 23 май гуфтанд, хабари расонаҳо дар бораи радди номзадии раҳбари пешини вилояти Луҳанск Сергей Гайдайро ба мақоми сафирии Украина дар Остона шарҳ намедиҳанд.
Масъулони хадамоти матбуотии вазорат гуфтанд, "бо назардошти он ки ин расмиёт хусусияти махфӣ дорад, мо ҳақ надорем, маълумотеро, ки бо истинод ба манобеи номаълум нашр шудааст, шарҳ диҳем".
Сомонаи украинии "Дзеркало Тыжня" як рӯз пеш бо такя ба манбаъҳои номаълум хабар дод, ки Қазоқистон ба номзадии Сергей Гайдай ба мақоми сафири нави Украина дар Остона розигӣ надодааст.
Мақомоти Қазоқистон дар посух ба дархости Киев дар мавриди номзадии Гайдай возеҳ гуфтаанд, ки мехоҳанд ба ҷои ӯ як дипломати ҳирфаиро бинанд. Бештари расонаҳои Русия ин нуктаро иқтибос овардаанд.
Дертар Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров гуфт, "ҷониби қабулкунанда ҳақ дорад, ки номзади пешниҳодшударо бидуни шарҳ рад кунад".
Гайдай аз моҳи октябри соли 2019 раиси Луҳанск буд ва президенти Украина Валидимир Зеленский миёнаҳои моҳи март ӯро барканор кард.