Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар вокуниш ба як матлаби Радиои Озодӣ гуфт, касеро барои харидани билети консерти Юлдуз Усмонова дар шаҳри Ваҳдат маҷбур накардааст.
Рӯзи 22-юми май чанд пизишку омӯзгор аз шаҳри Ваҳдат шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, ки билети консерти Юлдуз Усмоноваро харанд.
Вазорат гуфтааст, масъули ташкили сафари ин ҳунарманд ба Тоҷикистон аст, аммо касеро ба харидани билети консерт маҷбур накардааст.
Нархи билет, ба гуфтаи ниҳод, 30 сомонӣ буда, фурушаш озод аст.
Пизишкону омӯзгорони Ваҳдат мегӯянд, вазорат хабар надорад ё дурӯғ мегӯяд, чун онҳо зери фишор билет харидаанд.
Қарор аст, консерти ин овозхон шоми 23-юми май дар “Рӯзи ҷавонон” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шавад. Арзиши билетҳои ин маъракаро аз 30 то 50 сомонӣ нарх гузоштаанд ва бархе аз пизишкони Ваҳдат гуфтанд, онҳоро маҷбур кардаанд, ки 6 билетро бо арзиши 250 сомонӣ бихаранд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нархеро, ки Вазорати фарҳанг дар раддияаш навиштааст, танқид карда гуфтаанд, арзиши билет то 400 сомонӣ аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аз табиб то мулло. Фурӯши иҷбории билети консерти Юлдуз дар Ваҳдат