Намояндаи Вазорати савдои Қазоқистон рӯзи 22 май хабари содироти дрон ё ҳавопаймои бесарнишин ва қисмҳои электрониро аз ин кишвар ба Русия шарҳ дод.
Вазири савдои Қазоқистон дар посух ба суоли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки ниҳоди зери раҳбарияш ба "пешбурди содирот ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ" машғул аст.
"Шумо маълумоти ҷолибе пешниҳод кардед, ки эҳтимол ба Вазорати молия муроҷиат кардан лозим аст, зеро ин ниҳоди давлатӣ барои ҳисоб ва қайди корхонаҳое, ки содирот ё мол ворид мекунанд, масъул аст. Мо маълумот надорем”, - гуфт муовини вазири савдои Қазоқистон Кайрат Торебоев.
Тибқи таҳқиқоти рӯзноманигорие, ки ахиран нашр шуд, соли 2022 тавассути ширкати қазоқистонии "Аспан Арба" беш аз 500 ҳавопаймои бесарнишин ба Русия содир шудааст.
"Ширкат моҳи апрели соли 2022, пас аз чанд моҳи оғози ҳамлаи Русия ба Украина сабти ном шудааст", - омадааст дар таҳқиқот.