Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон барканор шуд

Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ, Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон барканор ва Алиакбар Аҳмадиён ҷойгузини ӯ шудааст.

Алӣ Шамхонӣ аз 10 сол ба ин тараф дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон буд ва қаблан дар мақоми ввзири дифои он кишвар кор карда буд.

Ба дунболи эътирозҳо дар Эрон дар чанд моҳи гузашта, хабарҳо дар мавриди эҳтимоли барканории Алӣ Шамхонӣ нашр шуда буд, ки баъдан рад шуд.

Алӣ Шамхонӣ дар моҳҳои ахир муваффақ шуда буд, ки робитаҳои Эрон ва Арабистони Саудиро беҳбуд бахшад.

Тиҷоратҳои хонаводагӣ ва густурдаи хонаводаи Шамхонӣ дар солҳои гузашта хабарсоз шуда буд. Аз ҷумла, боз доштани киштии вобаста ба писари ӯ аз сӯи Ҳинд дар ду соли пеш ва иртиботи бародарзодаи ӯ бо молики як бино дар Ободони Эрон, ки соли гузашта фурӯ рехт ва боиси марги даҳҳо нафар шуд, номи оқои Шамхониро дар сархати хабарҳо қарор дода буд.