Эътирозгарони булғор хостори қатъи кӯмак ба Украина шуданд

Эътирозгарон дар шаҳри София, пойтахти Булғористон ба биное, ки мақомҳои Иттиҳоди Аврупо зиндагӣ мекарданд, осеб расонданд.

Бархе аз ин эътирозгарон дар даст парчамҳои Русияро доштанд. Онҳо аз ҳукумати Булғория хостанд, то кӯмакҳо ба Украинро поин диҳад.

Эътирозгарон бар ин бинои навсохти шишаӣ ва оҳанӣ, ки намояндагони Комиссия ва порлумони Аврупо ҷой гирифта буданд, ранг пошиданд.

Тазоҳуроти рӯзи якшанбе аз сӯи чандин созмони ғайридавлатӣ ва афроде ташкил карда шуд, ки тарафдори Русия дониста мешаванд.

Ширкаткунандагони ин тазоҳурот, ки теъдодашон тақрибан ба якуним ҳазор мерасид, аъзои як ҳизби зидди Иттиҳоди Аврупо буданд.