Русия вуруди Обама ва 499 каси дигарро манъ кард

Барак Обама ва Владимир Путин. Акс аз соли 2013

Русия даромадани қариб 500 шаҳрванди Амрико, аз ҷумла Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаро ба ин кишвар мамнуъ кард.

Мақомот тасмимро ҷавоб ба бастаи таҳримҳои Амрико алайҳи Маскав номиданд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, дар миёни шахсони мамнуъ “раҳбарони сатҳҳои гуногуни ҳукумат” низ ҳастанд.

Дар эъломияи вазорат омадааст, ки рафтори "хасмона"-и Вашингтон ҳамчунон "вокунишҳои тунд" хоҳад гирифт.

Пештар Амрико ҳамроҳи муттаҳидонаш аз G7 алайҳи Маскав иқдомҳои нав эълон карданд, то ба ин васила Маскавро барои ҳамлааш ба Украина ҷазо диҳанд.