Зеленский ба Ҷопон рафт; Русия ҳамлаҳоро бештар кард

Ҳамлаҳои нави Русия ба Украина

Шаби 19 ба 20-уми май, замоне ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина, барои иштирок дар нишасти Гуруҳи 7 (G7) ба Ҷопон мерафт, Русия ҳамлаҳои ҳавоиро ба чанд минтақа, аз ҷумла Киев, бештар кард.

Сергей Попко, раиси маъмурияти низомии Киев, дар Телеграм навишт, ки “таҷовузгар боз як ҳамлаи густурдаро бо ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом дод.”

Дар як бинои истиқоматӣ сӯхтор сар зада, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Мақомоти низомии Украина гуфтанд, шаби гузашта 18 ҳавопаймои бесарнишинро дар болои пойтахт сарнагун карданд.

Дар шаҳри Черниҳов, шимолу шарқи Киев, низ таркишҳо рух додааст.

Дар шаҳри бандарии Мариупол, ки аз ҷониби Русия ишғол шудааст, низ чанд таркиш рӯй дода. Расонаҳои Русия навиштанд, таркиш дар фурудгоҳи шаҳр шуд.

Зеленский рӯзи 21-уми май дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон бо раҳбарони G7 мулоқот карда, дар бораи ҷанг бо Русия хоҳад гуфт. Афзоиши кумаки низомӣ яке аз хостҳои ӯст.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, дар остонаи нишаст ба раҳбарони G7 хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба кӯшиши ҳампаймононаш барои омӯзиш додани халабонҳои украинӣ адад хоҳад кард. Онҳо идораи ҳавопаймои пешрафтаи F-16-ро меомӯзанд.

Расонаҳо гуфтаанд, омӯзиш эҳтимол дар Аврупо гузарад.