"Ҳодисаҳои январӣ": 25 гумонбар ҳукми шартӣ гирифтанд

Алмато, 19-уми майи 2023

Додгоҳи ноҳияи Бостандики шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 19-уми май ҳукми 25 гумонбарро дар ҳодисаҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар эълон кард.

Ҳамаи маҳкумшудаҳо шартан аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

“Ҳама онҳое, ки дар ҳабс буданд, озод карда шудаанд. Шахсоне, ки шартан маҳкум шуда буданд, дар ҳабси шартӣ мемонанд”, - гуфт вакили дифоъ Айнара Айдархон ба Радиои Озодӣ.

Қаблан додситон хоста буд, ки 25 гумонбар эътироф шуда, 13 нафар шартан ва боқӣ ба муҳлати аз ду то чаҳор сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

Гумонбарон асосан ба “ташкилу ширкат дар ошӯбҳои оммавӣ”, “дузди силоҳ” ва “ҳамла ба биноҳо” муттаҳам мешуданд. Вале бештари онҳо ин айбҳоро рад карданд.

Эътирози оммавӣ дар Қазоқистон рӯзи 4-уми январи соли 2022 шуруъ шуд. Норозиён аввал ба зидди болоравии нархи газ шиор доданд, баъдтар истеъфои ҳукуматро талаб карданд. Эътироз рӯзи 7-уми январ бо бетартибӣ ва саркӯб дар Алмато ва шаҳрҳои дигари калони Қазоқистон ба поён расид.