Пас аз 4 сол. Як ҳавопаймои Русия ба Гурҷистон рафт

Эътироз дар Гурҷистон ба зидди азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои Русия

Пас аз чаҳор сол, рӯзи 19-уми май, аввалин ҳавопаймои мусофирбари Русия аз Маскав ба Тбилиси (Тифлис), маркази Гурҷистон, парвоз кард.

Ин кор баъд аз он имконпазир гашт, ки раиси ҷумҳури Русия Владмир Путин манъи парвозҳоро аз соли 2019 бекор кард.

Рӯзи ҷумъа дар ҳавопаймо асосан гурӯҳе аз фаъолони гурҷии рӯ ба Кремл, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, ба пойтахти Гурҷистон сафар карданд.

Соли 2019 баъд аз мавҷи эътирозҳои зиддирусӣ дар Гурҷистон, Путин равоуи ҳавоиро миёни ду кишвар якҷониба манъ кард.

Президенти Русия 10-уми майи имсол дар санаде имзо гузошт ва равоуи бидуни визаи шаҳрвандони Гурҷистонро аз нав иҷозат дод.