Намояндагони Кумитаи тафтишотии Русия масҷидеро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав бастаанд.
Маcҷид дар биное байни ду баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир шуда буд ва дар он асосан муҳоҷирон намоз мегузоштанд.
Тафтиш дар масҷид дар пайи муроҷиати видеоии сокинони маҳаллӣ ба Владимир Путин сурат гирифт.
Онҳо иддао карданд, ки шаҳрак ба “анклави тоҷикон” табдил ёфта, зиндагиро барояшон таҳаммулнопазир гардондааст.
Баъд аз ин муроҷиатнома рӯзи 17-уми май маъмурони интизомӣ ба масҷид рафта, биноро кофтуков карданд ва ба дараш мӯҳр задаанд. Ҳамзамон нисбат ба муҳоҷирон 34 санади маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ба гуфтаи сархатиби масҷиди ҷомеи Маскав, Илдар Аляутдинов, дар Маскав камаш ду миллион мусулмон кору зиндагӣ мекунанд, вале ба онҳо ҳамагӣ чаҳор масҷид рост меояд.