Ҷинпин ба раҳбарони ОМ аз “дахолат” ва “инқилоб” гуфт

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин. 19-уми майи 2023

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, барномаи густардаи кишварашро барои рушди Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуд, ки аз бунёди шабакаҳои инфрасохторӣ ва таҳкими тиҷорат иборат аст. Ҳамзамон дар бораи зарурати пешгирӣ аз, ба истилоҳ, "дахолати берунӣ" таъкид кард.

Дар паёме ба иштирокдорони мулоқоти сарони кишварҳо дар шаҳри Сиян Си Ҷинпин гуфт, Чин омодааст, стратегияи рушдашро бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамоҳанг намуда, ҳамроҳи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар пешрафт ва мутобиқ ба замона кардани шаш кишвар саҳм гирад.

Ба қавли ӯ, ҷаҳон ба Осиёи Марказии устувор, бо назму субот ва пайванди мустаҳкам бо саросари олам ниёз дорад.

Ҷинпин афзуд, шаш кишвари иштирокдори нишаст бояд ба "дахолати хориҷӣ" дар умури дохилиашон роҳ надиҳанд ва ба кӯшишҳои роҳандозии "инқилобҳои ранга" муқовимат кунанд.

Раҳбари Чин иброз дошт, ки кишвараш омодааст, ба давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният ва мудофиа кумак расонад.