НАТО нақшаи бархурдро бо хушунати эҳтимолии Русия қабул мекунад

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО

Моҳи июли имсол дар нишасти НАТО дар Вилнюс роҳбарони кишварҳои узви паймони низомӣ, тавре интизор меравад, нақшаи махфии вокуниш ба ҳамлаи эҳтимолиро қабул хоҳанд кард. Пазируфтани чунин нақша аз замони Ҷанги сард бори аввал сурат мегирад.

Хабаргузории Reuters, ки дар бораи ин нақша иттилоъ дод, тасмими НАТО-ро "қадами бунёдӣ" дар стратегияи ин эътилоф номид.

Эътилофи мазкур чунин нақшаи бузургмиқёсро аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то кунун таҳия ва қабул накардааст. НАТО бовар дошт, ки Русияи пасошӯравӣ хатари ҷиддие ба ҳисоб намеравад.

Дар шароити ҷанги Русия зидди Украина роҳбарони НАТО, тавре дар хабари Reuters омадааст, зарурати нақшаи дарозмуддатро барои бархурди низомӣ бо Русия дарк кардаанд.

Хабаргузорӣ менависад, нақшаҳои навбатии эътилофи мазкур аз нақшаҳои даврони шӯравӣ фарқи куллӣ хоҳанд дошт.

Ба вижа, баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, ҳампаймонҳо дар доираи НАТО ба созиш расиданд, ки на 40 ҳазор, балки 300 ҳазор низомиро дар ҳолати омодабошӣ комил нигаҳ доранд.