Имзои созишномаи равуои бе виза байни Қазоқистону Чин

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин

Дар доираи сафари давлатии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба Чин 23 санад имзо шудааст. Дар миёни онҳо созишномаи дуҷониба дар бораи ҷорӣ кардани равуои бидуни виза низ ҳаст.

Созишнома сафари бидуни визаро барои 30 рӯз миёни Қазоқистону Чин дар мадди назар дорад.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз шаҳрвандони Қазоқистон зидди имзо шудани чунин созишнома бо Чин ҳастанд.

Моҳи июли соли гузашта Қазоқистон ба таври якҷониба барои шаҳрвандони Чин сафари бидуни визаро барои 14 рӯз иҷоза дода буд. Чунин сафарро Қазоқистон барои шаҳрвандони Ҳинду Эрон низ фароҳам овардааст.