Маъмурияти зиндони занонаи "Русафа" дар шаҳри Бағдод, маркази Ироқ, ба шаҳрвандони Русия ваъда додаанд, ки онҳоро ба зиндонҳои кишварашон интиқол хоҳанд дод. Онҳо се ҳафта пеш гуруснашинӣ ё эътисоб эълон карда буданд. Дар ин бора сомонаи "Кавказ.Реалии" хабар медиҳад.
Шаҳрвандони зиндонӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зиндони "Русафа" низ се ҳафта пеш гуруснашинӣ эълон карда буданд. Онҳо талаби бозбинии парвандаҳояшон ва интиқол ба кишварҳояшонро доштанд. Ҳоло гуруснашинӣ поён ёфтааст.
Дар миёни заноне, ки гуруснашинӣ эълон кардаанд, шаҳрвандони Қирғизистон, Узбекистон, Доғистон, Чеченистон, Озарбойҷон ва Туркия ҳастанд.
Моҳи апрел 40 зани қирғизистонӣ аз зиндони "Русафа" тавассути рӯзноманигорон аз мақомоти Қирғизистон даъват карда буданд, ки онҳоро аз Ироқ берун баранд.
Онҳо гуфта буданд, ки аксарият дар солҳои 2014-2015 ба дунболи шавҳаронашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва "террорист нестанд". Занон аз шароити нигаҳдорӣ дар зиндон шикоят карда буданд.
Ба иттилои хабаргузории Reuters, то 19-уми марти соли 2021 дар зиндони "Русафа" 494 зан нигаҳдорӣ мешуд. Инҳо шаҳрвандони 18 кишвар буданд, ки дар Ироқ зиндонӣ шудаанд.
Чанд зан аз Тоҷикистон низ дар Ироқ зиндонӣ ҳастанд. Дар оғози моҳи май се нафари онҳоро ба кишвар оварданд.