Як оилаи тоҷик дар вилояти Владимири Русия, ки соли 2016 номи писари худро “Путин” гузошта буданд, онро иваз карданӣ ҳастанд.
Раиси идораи Сабти Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар ноҳияи Александровски вилояти Владимир дар ин бора ба нашрияи “Новий город Александровск” хабар додааст.
Оилаи Ҷӯраевҳо номи фарзанди дусолаи худро, ки Расул буд, ҳафт сол пеш бо хоҳиши бобояш Раҳмон Ҷӯраев, яке аз ҷонибдорони ашаддии Путин, иваз карданд. Екатерина Белоус мегӯяд, ҳоло волидони кӯдак пушаймон шуда, такроран ба идораи САҲШ муроҷиат кардаанд.
Онҳо мехоҳанд, исмеро, ки ҳангоми таваллуд ба кӯдак гузошта буданд, барқарор кунанд. Кӯшишҳо барои фаҳмидани мавқеи хонавода то ин дам бенатиҷа буд.
Наздикони хонаводаи Ҷӯраевҳо ба як писари дигарашон Шойгу ном гузошта буданд.
Сардори идораи САҲШ гуфт, феълан волидони Шойгу ба мақомот барои дигар кардани ном муроҷиат накардаанд.
САҲШ-и ноҳияи Александровск рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ аз додани маълумот дар ин мавзуъ худдорӣ кард. Хонаводаи Ҷӯраевҳо солҳои дароз дар Русия ба сар мебаранд.
Соли 2016, вақте барои иваз кардани номи писарашон ба мақомот муроҷиат карданд, дар сархати расонаҳои Русия ҷой гирифтанд.
Раҳмон Ҷӯраев, бобои кӯдаки тоҷик, ҳамон сол дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Путинро раиси ҷумҳури одил мешуморад. Иқдоми оилаи тоҷик барои дигар кардани номи фарзандашон дар шароите сурат мегирад, ки дар бештар аз як соли ҷанг дар Украина, нуфузи Владимир Путин на танҳо дар худи Русия, балки кишварҳои дигари пасошуравӣ кам шудааст.