Ҷейми Флай истеъфояшро аз мақоми президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ эълон кард.
Ӯ рӯзи 30-юми июни имсол корашро дар ин расона ба поён хоҳад расонд.
Кӯчидан аз Чехия ба Иёлоти Муттаҳида ва санҷиши имкониятҳо дар бахши хусусӣ аз сабабҳои истеъфои ӯ гуфта шудааст.
Ҷеффри Гедмин
Ҷеффри Гедмин, раиси пешини Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ба ҳайси мудири муваққат хидмат хоҳад кард.
Карен Корнблу, раиси Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, рӯзи 15-уми май гуфт, "мехоҳам барои хидматҳояш дар Радиои Озодӣ ба Ҷейми Флай сипос гӯям."
Ба қавли ӯ, дар натиҷаи роҳбарии Флай, Радиои Озодӣ дар иҷрои рисолаташ устувор буду аз дахолатҳои сиёсӣ озод ва шумораи корбаронаш рӯ ба афзоиш. "Вай бояд бо ин мерос фахр кунад," – гуфт Каренблу.
Ҷейми Флай бори аввал дар моҳи июли соли 2019 президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шуд ва то моҳи июни соли 2020 дар ин мақом кор кард.
Сафари нахустини ӯ дар ин мақом ба Тоҷикистон ва боздид аз дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе буд. Дертар, моҳи ноябри соли 2019, дар дидоре бо Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаққи хабарнигорон ва мардуми Тоҷикистон ба маълумоти озод пуштибонӣ карда буд.
Пас аз як муддати кор дар Бунёди Маршал дар Олмон дубора ба раҳбарии Радиои Озодӣ баргашт.
Дар ин давраи кораш бештар ба бозтоби ҳамлаи Русия ба Украина, нуфузи афзояндаи Чин дар АвруОсиё таваҷҷуҳ кард, ба рафтори ҳукуматҳои худкома вокуниш кард ва дафтарҳои нави радиоро дар Рига ва Вилнюс кушод.
"Ифтихор дорам, ки ду бор ба ҳайси роҳбари ин муассиса хидмат карда, бо рӯзноманигорони ҷасуру боистеъдод... вақт гузарондам," -- гуфт Ҷейми Флай.
Ҷеффри Гедмин, ки ҳоло мудири муваққат таъин шудааст, аз соли 2007 то соли 2011 раҳбарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро бар уҳда дошт. Ӯ ҳаммуассис ва сардабири нашрияи "American Purpose" аст ва пештар ба ҳайси президент ва мудири иҷроияи Институти Аспен дар Берлин кор кардааст.