Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз

Сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи марз баргузор шуд. Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи раиси ҳукумати Исфара, ба Радиои Озодӣ гуфт, мулоқот 14-уми май гузашт, аммо ҷузъиёт надод.

Ба навиштаи хабаргузории “Аки Пресс” (Қирғизистон), таъмини субот дар минтақаҳои наздимарзӣ, пешгирӣ аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва дастрасии аҳолӣ ба об аз масъалаҳои асосӣ буд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст.

Аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ, ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст. Ду ҷониб ҳамеша ҳамдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ҳарду тараф дар муноқишаи моҳи сентябри соли 2022 эҳтимол ба ҷинояти ҷангӣ даст задаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, ба навиштаи “Аки Пресс”, дар музокирот ба таҳқиқи ҳодисаҳо даъват карданд, аммо то ҳол ҳеч гоҳ на Душанбе ва на Бишкек натиҷаҳои таҳқиқоти ҷудогона ва якҷояро ба ҷомеа пешкаш накардаанд.