"Росатом" бузургтарин кони урани Қазоқистонро соҳиб шуд

Қазатомпром

Бузургтарин кони урани Қазоқистон дар ихтиёри ширкати русии "Росатом" қарор гирифтаааст.

Бино ба хабарҳо, ҷониби Русия ҳамчунин корхонаи маъданӣ-кимиёии Степногорскро дар Қазоқистон соҳиб шуд.

Ин созиш танҳо пас аз нашри гузоришҳои молии ширкати "НАК "Казатомпром" – ширкати миллии атомии Қазоқистон, ки бузургтарин истихроҷкунандаи урани табиӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, расонаӣ шуд.

Дар ихтиёри хориҷиҳо гузоштани урани Қазоқистон идома дорад.

Ҳукумати Қазоқистон моҳи феврали имсол ба додани аксарияти саҳмияҳои се ширкати истихроҷкунандаи уран ба корхонаҳои тобеи "Росатом" ризоят дода буд.