Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 15-уми май аз ифшои нақшаи воридот ва фурӯши сӯзишворӣ ба ин кишвар бидуни пардохти андоз хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, чаҳор корманди андоз - сардори Раёсати кор бо молҳои баҳисобгирӣ дар доираи тиҷорати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, сардори Раёсати кор бо молҳои ҳисобнашуда ва пайгирии борҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод, сардори шуъбаи низоми махсуси Хадамоти давлатии андоз дар ноҳияи Панфилов ва нозири калони шуъбаи санҷиши андози ноҳияи Жайил дастгир шудаанд.
Ду нафари аввал ба саркашӣ аз пардохти андоз дар ҳаҷми махсусан калон, воридот ва фурӯши ғайриқонунии маводи сӯзишворию молиданӣ, убури бемонеаи мошинҳо аз гузаргоҳҳо айбдор мешаванд.
Онҳо гуё барои воридоти бидуни монеаи ҳар литр сӯзишворӣ як соми қирғизӣ мегирифтаанд. Гумонбарони боқӣ дар сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор мешаванд.