Як фаъоли шаҳрвандиро дар Қазоқистон ду моҳ ҳабс карданд

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон фаъоли шаҳрвандӣ Аскар Сембойро ду моҳ ба ҳабс гирифт. Қарори додгоҳ рӯзи 13-уми май баромад.

Сабаби расмии ҳабси вай навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар рӯзҳои 7-17-уми ноябри соли гузашта будааст.

Сембой рӯзи 12-уми май аз тарафи пулис боздошт шуд.

Расонаҳои Қазоқистон менависанд, Сембой аз соли 2019 дар гирдиҳамоиҳои осоишта ширкат мекард ва борҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буд.