Дар вилояти Брянскии Русия ду ҳавопаймои ҷангӣ ва ду чархболи низомии ин кишвар сарнагун шудаанд.
Рӯзи 13-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори оташ гирифтани ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳо дар осомон ва афтодани онҳо ба замин нашр шуд. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳо дар як гурӯҳ бояд вилояти Черниговскии Украинаро бомбаборон мекарданд. Чархболу ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз ҳудуди Русия берун нашуда, суқут кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳо, халабонҳо ва ҳамроҳонашон ҳалок шудаанд.
Ҳанӯз сабаби дақиқи сарнагун шудани чархболу ҳавопаймоҳои ҷангӣ маълум нест.
Бархе расонаҳо навиштаанд, ки эҳтимол онҳо бар асари мушкили техникӣ сарнагун шудаанд, вале бархе расонаҳо бо такя ба манобе худ навиштаанд, ки эҳтимол онҳо мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ҳама фарзияҳоро таҳқиқ доранд.