Президенти Русия фармони ба машқи ҳарбӣ даъват кардани сарбозони эҳтиётиро имзо кард.
Тибқи ин фармон, ки дар сомонаи ҳукумати Русия нашр шуд, шумораи даъватшавандаҳо аз ҳисоби сарбозони эҳтиётӣ эълон нашудааст.
Тирамоҳи гузашта Путин беш аз 300 ҳазор афсару сарбози эҳтиётиро ба хидмат сафарбар карда буд.
Ҳоло дар Русия даъвати баҳорӣ ба хидмат дар артиш ҷараён дорад, ки аз 1-уми апрел оғоз ёфтааст.
Тибқи нақша то 15-уми июл бояд 147 ҳазор нафар ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия сафарбар шаванд.
Пештар гуфта мешуд, шаҳрвандоне ки даъватнома ба хидматро мегиранд, аз Русия берун рафтан наметавонанд.
Бар илова дар амалиёти Русия дар Украина зархаридони гурӯҳи "Вагнер" иштирок мекунанд, ки аз ҳисоби довталабони ҷанг ва маҳбусони собиқ ташкил шудааст. Онҳо бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон ба ҷанг рафтаанд.