Маҳсулоти Иттиҳоди Аврупо ба маблағи бештар аз 1 миллиард доллар, ки соли 2022 ба Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон фиристода шуда буд, ҳангоми убури аз ҳудуди Русия "ғайб" задааст.
Дар ин бора нашрияи Financial Times хабар дод. Нашрия ин ҳолатро "тиҷорати арвоҳ" номидааст.
Бино ба омор, баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо баҳонаи транзит аз ҳудуди Русия ба маблағи 2 миллиард доллар маҳсулот содир кардаанд.
Фармоишгарони маҳсулоти аврупоӣ, аз ҷумла он маҳсулоте, ки дар саноати низомӣ истифода мешавад, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон будаанд.
Русия бо таҳияи санадҳои дурӯғин тавонистааст, ки таҳримҳои Ғарбро давр занад. Ба ин тартиб, маҳсулоте, ки содироташон ба Русия манъ аст, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо, турбинаи газӣ, мустақим аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Русия содир шудаанд.
"Ин маҳсулот ба куҷо метавонист содирот шавад? Чаро ин кишварҳо якбора дар ин замон ба чунин маҳсулот ниёз пайдо карданд? Дар минтақа беш аз ҳама кадом кишвар ба маҳсулоти мазкур ниёз дорад? Албатта, Русия", - мегӯяд Эрки Кодар, вазири умури таҳримҳои Эстония.
Иттиҳоди Аврупо борҳо гуфтааст, ки ба зидди кишварҳое таҳрим ҷорӣ хоҳад кард, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия мадад мекунанд.