Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз тағйироти ҷиддӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Русия хабар дод.
Бино ба навгонӣ дар қонунгузорӣ, аз охири моҳи октябри имсол шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд, мақомоти муҳоҷирати Русияро мустақилона ва ба таври электронӣ аз вурудашон ба хоки он кишвар хабардор кунанд.
Барои ин бояд дар "Портали ягонаи хадамоти давлатии Русия" сабти ном кард.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ин сабукӣ барои қирғизистониҳо дар натиҷаи гуфтугӯи мақомоти Қирғизистон бо Русия ба даст омадааст.
Ба иттилои расмӣ, бештар аз 1 миллион қирғизистонӣ дар ҳудуди Русия кор мекунад. Ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳудуди 500 ҳазор қирғизистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.