Маъракаи интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Узбекистон 10-уми май шуруъ шуд.
Интихоботи зудрас дар Узбекистон ба рӯзи 9-уми июл таъйин шудааст.
Ҳизбҳои сиёсӣ бояд намояндаҳояшонро барои Кумисюни марказии интихобот то 13-уми май муаррифӣ кунанд.
Аз 17-уми май то 1-уми июн номзадҳоя пешбарӣ хоҳанд шуд. Сабти номи номзадҳо ба курсии президентӣ 6-уми июн ба поён мерасад.
Шавкат Мирзиёеви 66-сола, президенти ҳозираи Узбекистон ба даври дувуми панҷсолаи президентӣ соли 2021 интихоб шуда буд. Пирӯзӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат дар соли ҷорӣ ба вай имкон медиҳад, ки 14 соли дигар сари қудрат бимонад.
Мирзиёев баъд аз марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт.