Доналд Трамп ба хушунати ҷинсӣ гунаҳкор шуд

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти пешини ин кишвар, ба хушунати ҷинсӣ гунаҳкор шуд. Додгоҳ гуфт, Трамп нисбат ба рӯзноманигор Ҷин Кэрролл хушунати ҷинсӣ раво дидааст.

Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки Трамп ба қурбонии хушунат қариб 5 миллион доллар ҷуброн пардозад.

Кэррол нисбат ба Трамп чаҳор сол пеш ба додгоҳ шикоят бурда буд. Мегӯяд, соли 1996 бо Трамп дар мағозае дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот кардааст.

Ба нақли рӯзноманигор, Трамп он замон ба Кэрролл пешниҳод кардааст, таҳпӯшҳоеро бипӯшад, ки Трамп барои зани дигар харида буд. Кэрролл ба пешниҳоди Трамп розӣ шуда, ҳамроҳ ба утоқи ивази либос рафтаанд.

Трамп ин айбро рад ва ҳамзамон аз мудофиаи худ ва шоҳидӣ додан дар додгоҳ худдорӣ варзидааст. Дар шарҳи қарори додгоҳ Трамп гуфт, ки "ҳукм - шармовар ва идомаи ҷустуҷӯи ҷодуи ҳамаи давру замон аст".

Трамп нахустин президенти пешини Амрико аст, ки нисбат ба ӯ айб эълом мешавад. Ин дар ҳолест, ки вай номзадиашро барои иштирок дар интихоботи президентии соли 2024 пешниҳод кардааст. Айб ва ҳатто ҳукми додгоҳ Трампро аз ҳаққи даъвои президентӣ маҳрум намекунад.