Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия рафт

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май ба Русия рафтааст, то дар маъракаи бахшида ба 78-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ иштирок кунад.

Як рӯз пеш Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, низ бо даъвати президенти Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав меравад.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар паради низомии Маскав дар соли 2022 ягон раҳбари хориҷӣ ҳузур надошт. Сухангӯйи Путин он вақт гуфта буд, ки касеро даъват накарданд.