Занозании сокинону низомиҳоро дар Лайлак таҳқиқ мекунанд

Додситонии низомии Қирғизистон таҳқиқи занозании сокинони маҳаллиро бо низомиҳо дар ноҳияи Лайлаки он кишвар шуруъ кардааст.

Занозанӣ миёни низомиҳо ва сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Мураси ноҳияи Лайлак шаби 6 ба 7-уми май рӯй дод.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, занозанӣ дар пайи низои шахсӣ рух додааст ва мақомот бо иштирокдорони моҷаро суҳбат кардаанд.

Навори занозании мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Тургунбой Алдақулов, рӯзноманигори маҳаллӣ гуфт, сабаби занозанӣ баҳси фурӯшандаи мағоза бо низомиҳо буд.

"Ба далели рафтори бархе аз сарбозон, ба далели муносибати онҳо бо сокинони маҳаллӣ норозигии мардум сар зад", - гуфт Алдақулов.

Баъзе аз расонаҳо бо такя ба мақомот гуфтанд, ки дар моҷарои мазкур наздик ба 100 кас ширкат кардааст.