Дар шаҳри Тошканд рӯзи 9-уми май мушакпарронӣ мекунанд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки дар минтақаҳои дигари кишвараш низ ин маросим баргузор шавад.
Ба гуфтаи Мирзиёев, пештар мегуфтанд, аз маҷмуи 6 миллиону 551 ҳазор сокини Узбекистон дар замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ 1 миллиону 500 ҳазор касро ба ҷанг бурдаанд. Аммо бино ба ҳисобҳои ахир, дар он давра аз Узбекистон ҳудуди 1 миллиону 951 ҳазор кас ба ҷанг фиристода шудааст.
Ҳамчунин Мирзиёев гуфт, пештар иттилоъ медоданд, ки дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ 396 ҳазор узбекистонӣ кушта шудааст. Вале бино ба санадҳои нав, теъдоди кушташудаҳо ба 538 ҳазор кас мерасад ва 158 ҳазор узбекистонии дигар бенишон шуда.
Бино ба ҳисобҳои охир, дар солҳои ҷанг ба Узбекистон 1,5 миллион кас, аз ҷумла 250 ҳазор кӯдак сарпаноҳ ёфтааст.