Идораи "Россотрудничество" 10 хонандаи қазоқистониро ба нимҷазираи ишғолшудаи Қрим фиристодааст.
Саҳифаи намояндагии "Россотрудничество" дар шаҳри Остона дар Фейсбук иттилоъ дод, ки ғолибони даври қазоқистонии озмуни хонандагони ҷавони "Классикаи зинда" аз шаҳрҳои Остона, Тараз ва Чимкент барои 24 шабонарӯз ба маркази кӯдакони "Артек" рафтанд.
Дар аксе, ки дар саҳифаи идора нашр шудааст, ҳафт кӯдак ва як зан дида мешаванд. Дақиқ гуфта нашудааст, ки акс кай ва дар куҷо гирифта шуда.
Ин хабар нигарониҳоеро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон ба бор овардааст.
Бархе аз онҳо ба далели таркиши анборҳои нафт ва иншооти низомии Қрим дар ҳафтаҳои охир ин сафарро хатарзо номида, мақомоти маорифи Қазоқистонро барои фиристодани кӯдакон ба минтақаи ишғолӣ танқид кардаанд.
Вазорати маорифи Қазоқистон то ҳол расман хабарро шарҳ надодааст.
Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард.