Як додраси пешин дар маркази вилояти Ғӯри Афғонистон аз сӯйи шахсони мусаллаҳи ношинос кушта шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 7-уми май хабар доданд.
Рӯзноманигори маҳаллӣ Салом Ватандор мегӯяд, ду марди савори мототсикл Муҳаммад Назир Маънавиро дар Фирӯзкӯҳ куштанд. Замоне ки ӯ аз масҷид ба хона бармегашт.
Ҳамлаварон тавонистаанд, ки аз ҷойи ҳодиса бигурезанд. Сабаби куштор маълум нест.
Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 додрасҳои Афғонистонро иваз карданд.
Баъзе аз онҳо ба хориҷа рафтаанд. Амнияти боқимондаҳо таъмин нест.