Як фаъоли эрониро ба гуноҳи шиори зидди Хоманаӣ ба ду сол зиндон маҳкум карданд. Сапеда Ғулиён, ҳомии ҳуқуқи коргарон, моҳе пеш аз боздоштгоҳ раҳо шуда буд.
Ғулиён 15-уми март пас аз раҳоӣ аз зиндони Эвин бо садои баланд гуфт, ки "Хоманаии Заҳҳок, мекушемат зери хок!”
Ин ишора ба раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ буд ва ин навори видеоӣ дар шабакаҳо ба гардиш даромад.
Чор соат баъд Сапеда Ғулиёнро дигарбора дастгир карданд. Мақомоти додгоҳии Эрон хабари ҳукми Ғулиёнро шарҳ надоданд.
Ғулиён як ҳомии ҳуқуқи коргарону занон ва иштирокдори фаъоли эътирозҳои зиддиҳукуматӣ аст.