Аз соли 2021 то моҳи майи соли 2023 шаҳрвандии Қирғизистонро 352 зодаи Русияи Шӯравӣ ва ё Русия дарёфт кардаанд. Дар ин бора сомонаи хабарии "Хроника" иттилоъ медиҳад. Ин маълумотро сомона аз фармонҳои президенти Қирғизистон ҷамъоварӣ кардааст.
Ба вижа, дар пажуҳиши "Хроника" омадааст, ки охири моҳи декабри соли 2022 шаҳрвандии Қирғизистонро ҳамсар ва писари вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби "Русияи воҳид" Юрий Петров дарёфт кардаанд. Юрий Петров пештар роҳбари идораи амволи давлатии Русия буд ва дар ҳайати мудирони ширкати давлатии "Роснефт" шомил мешуд.
Ба ҷуз аз наздикони Петров, шаҳрвандии Қирғизистонро вакили пешини маҷлиси Шушарии Петербург Роман Мойсеев, номзади пешин ба мақоми вакилии маҷлиси Мурино Сергей Кондауров, домоди ноиб-губернатори пешини Петербург Игор Метелский, ҳаммолики ширкати TecForce Владимир Макаров, соҳибкор Андрей Белошитский, варзишкор Дмитрий Заболотний ва дигарон дарёфт кардаанд.
Охири моҳи марти соли ҷорӣ нашрияи The Moscow Times низ хабар дода буд, ки шаҳрвандии Қирғизистонро эҳтимол чанде аз варзишкорон, тоҷирон ва мансабдорони пешин дарёфт кардаанд.
Иля Шуманов, мудири намояндагии созмони Transparency International дар Русия гуфт, ки "элитаи Русия шаҳрвандии Қирғизистонро ҳамчун василаи ҳуқуқии баромадан ба ҷаҳон истифода мекунанд".