Боз як шаҳрванди Русияро аз Қазоқистон ихроҷ карданд

Додгоҳе дар Қазоқистон Игор Санджиев, шаҳрванди Русияро ихроҷ кард, ки аз тарси фиристода шудан ба ҷанги зидди Украина фирор карда буд. Санджиев аз Қазоқистон паноҳандагӣ мехост.

Санджиевро ҳамчунин барои убури ғайриқонунии марз шартан 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва вурудашро ба Қазоқистон барои 5 сол манъ кардаанд.

Игор Санджиеви 46-сола ба артиши Русия ҷалб ва ба қисми низомие дар шаҳри Волгоград ирсол шуда буд. Вай аз он ҷо нахуст ба Белорус ва баъдан ба Қазоқистон фирор кард. Ҳар ду дафъа Санджиев марзҳоро ғайриқонунӣ убур кардааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ Санджиев аз мақомоти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон хоста буд, ки ба вай мақоми паноҳандагӣ диҳанд. Аммо дар иваз пулиси Қазоқистон роҳҳои вуруди ӯро ба ин кишвар таҳқиқ кард. Санджиев эътироф кард, ки ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид шудааст, вале аз додгоҳ мехоҳад, ба вай ҷазои ғайр аз ихроҷ таъйин кунанд.

Айни замон ин шаҳрванди Русия мехоҳад, ба зинаҳои болоии додгоҳ дар Қазоқистон шикоят барад ва ба Русия ихроҷ нашавад.

Моҳи декабри соли 2022 Қазоқистон шаҳрванди дигари Русия Михаил Жилинро аз кишвар ихроҷ ва ба мақомоти Русия таслим кард. Жилин низ аз фиристода шудан ба ҷанг ба Қазоқистон фирор ва марзро ғайриқонунӣ убур карда буд.