Шаш қирғизистониро аз Судон берун оварданд

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки шаш шаҳрванди ин кишвар аз Судон берун оварда шудаанд.

"Дар натиҷаи талошҳои муштараки Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, сафорати Қирғизистон дар Арабистони Саудӣ ва Намояндагии дипломатии Русия дар Хартум 2-юми май 6 шаҳрванди кишвар тариқи масири Хартум-Маскав-Бишкек ба ватан баргардонида шуданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки ҳавопаймоҳои кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Дания, Фаронса, Олмон, Шветсария ва Ҳолланд дипломатҳои худ ва шаҳрвандони хориҷиро аз Судон берун мекашанд.

Дар Судон низои мусаллаҳона миёни артиш ва гуруҳи низомии "Нерӯҳои кумаки фаврӣ" идома дорад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) ахиран гуфт, баъд аз ғасб шудани озмоишгоҳи моддаҳои беморизойи сурхакон, вабо ва дигар моддаҳо дар шаҳри Хартум (пойтахти Судон) эҳтимоли сар задани хатари биологӣ мавҷуд аст.