Дар шаҳри Алматои Қазоқистон пулис наздик ба даҳ иштирокдори иқдоми зидди равобити бидуни виза бо Чинро боздошт кард.
Дар он иқдоми эътирозӣ ҳамагӣ 20 нафар иштирок дошт. Баъзе аз онҳо дар даст шиори "Дар хоки қазоқ барои Чин ҷо нест!" доштанд. Ин шиор зидди нақшаи ҳукумати Қазоқистон буд, ки мехоҳад, бо Чин рафтуомади бидуни виза ба роҳ монад.
Кормандони пулис сабаби боздошти иштирокдоронро шарҳ надоданд.
Мухтор Аблязов, роҳбари ҳаракати дар Қазоқистон мамнӯи "Интихоби демократӣ" ба эътироз даъват карда буд.
Фаъолон дар гӯшаву канори дигари Қазоқистон ба эътирозҳои рӯзи 1 май омодагӣ медиданд. Аммо мақомот ба онҳо қонунӣ иҷозаи гирдиҳамоиро надоданд.