Як сокини шаҳри Турсунзода, ки мақомот ва хешовандонаш ӯро "бемори рӯҳӣ" номиданд, ду масҷидро оташ задааст.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 28-уми апрел рӯй дод.
Ба иттилои сухангӯйи Кумита, Афшини Муқим, масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттут нобуд шуда, масҷиди Сангқалъа қисман сӯхтааст.
Падари Д.Б.-и 32-сола гуфтааст, писараш бемории рӯҳӣ дорад ва дар хона назорат мешуд, аммо рӯзҳои охир фирор карда буд.
Ба қавли пайвандон, ҳоло ӯро дар бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ ҷой кардаанд.