Кумисюни марказии интихоботии Узбекистон иттилоъ дод, ки тибқи натиҷаҳои пешакӣ, 90,21 дарсади иштирокдорони раъйпурсӣ ба ҷонибдории ислоҳи Конститутсия овоз додаанд.
Раиси Кумисюн Зайниддин Низомхоҷаев 1-уми май дар нишасти хабарӣ дар Тошканд афзуд, танҳо 9,35 дарсади раъйдиҳандагон зидди ислоҳи Конститутсия баромаданд.
Низомхоҷаев гуфт, раъйпурсии Узбекистон барои қабули Конститутсияи нав тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонунгузории кишвар баргузор шуд.
Дар тарҳи нави Конститутсия муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол дароз шудааст.
Тағйирот ба раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, ки ду давраи дигар президент интихоб шавад ва салоҳиятҳои президентро бештар созад.
Дар тарҳи нав омадааст, ки давлат вазифадор аст, шаҳрвандонро бо маоши ҳадди ақал, хона ва ёрии тиббӣ, инчунин дастрасӣ ба интернет таъмин кунад. Бино ба тағйирот, ҳукми қатл дар Узбекистон манъ шудааст.
Кумисюни марказии интихоботии Узбекистон қаблан хабар дода буд, ки дар раъйпурсии рӯзи якшанбе 80 дарсади сокинони қобили раъй иштирок карданд.